Дар давоми рӯз дар шаҳр 259 мм боришоти дар тамоми таърихи мониторинг рекородӣ ба қайд гирифта шудааст. Обхезӣ бо ярч боиси канда шудани хатҳои барқ гардид. Ҳодисаҳои марговар маҳз бо ду омили охирин алоқаманданд (баъзеҳо аз барқзанӣ ҳалок шуданд).
Се ҳазор роҳи асосии нақлиёти автомобилӣ зери об монда, низоми нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла метро аз кор монд. Бисёре аз онҳо бе неруи барқ монданд. Бар асари лағзиши ярч минтақаи кӯҳистонӣ ҳисороти зиёд дида, ҳоло гурӯҳҳои имдодрасонӣ сокинонро аз миёни харобаҳо ҷустуҷӯ доранд.
Мақомот дараҷаи 4-и хатарро (аз рӯи низоми 5-баллӣ) ҷорӣ намуда, вазъияти фавқулодда эълон кардааст.