Ширкати бритониёӣ ба нақша гирифтааст, ки фаъолияти худро дар Қашқадарё густариш диҳад

    Тиҷорат 15 Iyul 2024 978

    Сафири Ўзбекистон дар Бритониёи Кабир Равшан Усмонов бо директори генералии ширкати бритониёвии "AKS Services Group" Вайс Кайс мулоқот кард.

    "AKS Services Group" соли 2009 дар Британияи Кабир таъсис ёфта, дар соҳаҳои ба мисли таҳлили иқтисодӣ, идоракунии молиявӣ, содироти маҳсулот ва логистика, мусоидат ба тиҷорати байналмилалӣ хидмат мерасонад. Илова бар ин, дар заминаи он давра ба давра семинару тренингҳо оид ба рушди савдои байналмилалӣ ташкил карда мешаванд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Дар айни ҳол ширкат бо содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Ӯзбекистон ба Бритониёи Кабир машғул аст. Дафтари минтақавии он дар ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё фаолият дорад.

    Зимни гуфтушунидҳо масъалаҳои густариши фаъолияти ширкати "AKS Services Group" дар кишвари мо баррасӣ шуданд.

    Дар натиҷаи мулоқот як қатор тавофуқҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои сохтмон, тиҷорат, истихроҷи маъдан, маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ ҳосил шуданд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates