Дар мулоқот лоиҳаҳое, ки дар ҳамкорӣ бо БАТР амалӣ мешаванд, аз ҷумла корҳо дар соҳаи идоракунии партовҳо ва масъалаҳои афзоиши иқтидори сармоягузорӣ дар ин самт баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, ба рушди заминаи техникӣ-иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои пешомадноки коркарди партовҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Илова бар ин, аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахши “энергетикаи сабз” ва таҳияи барномаҳои муҳими стратегӣ барои пешгирӣ аз тағйири иқлим таъкид шуд.
Дар натиҷаи мулоқот оид ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаи экология тавофуқ ҳосил шуд.