Дар рафти мулоқот масъалаҳои таҳкими муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Италия дар соҳаи таълим ва илм мавриди муҳокима қарор гирифт.  Аз ҷумла, оид ба роҳандозии ҳамкориҳои мустақим миёни донишгоҳҳои ду кишвар, баргузории вохӯриҳо, конфронсу форумҳо, семинарҳо, тренингҳо дар шакли онлайн ва офлайн дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълими олӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ба ғайр аз ин, зарурати коркарди барномаҳо, ки ба дастгирии технопаркҳо ва стартап-лоиҳаҳо нигаронда шудаанд,  қайд гардид.

Дар навбати худ масъалаҳои амалӣ намудани сафарҳои ҳайати профессорону омӯзгорон, дастаҳои илмӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Италия ба Ӯзбекистон барои шиносоӣ бо мероси ғании илмии кишварамон баррасӣ шуданд.