Оид ба рақамигардонии низоми таълими олӣ бо Huawei ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад

    Таълим 4 Aprel 2023 1845

    3 апрели соли ҷорӣ вазири таълими олӣ, илм ва инноватсия Иброҳим Абдураҳмонов директори генералии Huawei дар Ӯзбекистон Чен Сзякайро қабул кард.

    Вазир И.Абдураҳмонов зарурати рушд ва истифодаи васеи низоми таҳсилоти онлайниро таъкид намуда, доир ба истифодаи имкониятҳои ширкат дар ин кор ибрози назар кард. Вай ҳамчунин пешниҳодҳо ба миён гузошт, ки бо роҳи ташкили мактабҳои тобистона, инчунин таҳияи платформаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони дорои нуқсони шунавоӣ ва нутқ барои фарогирии самараноки хонандагон шароит фароҳам оварда шавад.

    Масъалаи таҷрибаомӯзии ҷавонон дар Huawei дар доираи системаи дуалии таълим низ баррасӣ шуд.

    Меҳмонон баланд будани талаб ба барномасозон, донандагони забони хориҷиро дар ширкатҳои хориҷии IT зикр намуда, ташкили омӯзишро дар самти мазкур муҳим шумурданд.

    Ба ғайр аз ин, оид ба офаридани барномаҳои рақамисозӣ ва технологияҳои зеҳни сунъӣ дар минтақаҳои инноватсионӣ,технопаркҳо, акселераторҳо ва дигар объектҳои инфрасохтори инноватсионӣ, ки дар ихтиёри вазоратҳо мебошанд, дар ҳар як минтақаи ҷумҳуриамон созишномаҳои пешакӣ ба даст омаданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates