Илова бар ин, чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои шахсоне ҷорӣ мегарданд, ки ба истифодаи кортҳои бонкӣ, ҳисобҳо, ҳамёнҳои электронӣ ё маълумоти шахсии худ (SIM-кортҳо, аккаунтҳои электронӣ барои содир кардани киберҷиноятҳо роҳ додаанд.
Бо мақсади пешгирии киберҷиноятҳо, таҷрибаи эълони ошкорои рӯйхати бонкҳо ва ташкилотҳои пардохтӣ, ки бо сабаби нуқсон дар системаҳои иттилоотии худ ба киберҷиноятҳо роҳ додаанд, инчунин ошкорсозии барвақтии нақшаҳои қаллобии онлайн, ки ба ҷалби маблағи аҳолӣ равона шудаанд («пирамидаҳои молиявӣ») ҷорӣ карда мешавад.









