Лоиҳаҳо оид ба  сохтмони як қатор иншоот баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 26 Iyul 2021 4643

    Президент Шавкат Мирзиёев 26 июл бо тақдимоти лоиҳаҳои сохтмони иншооти фарҳангӣ, тиббӣ, савдо ва хидматрасонӣ шинос шуд.

    Тавре қаблан хабар дода шуда буд, дар Боғи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ бунёди китобхонаи замонавӣ ба нақша гирифта шудааст. Тарҳи нахустин як моҳ пеш нишон дода шуда, имрӯз лоиҳае пешниҳод карда шуд, ки дар асоси тавсияҳои роҳбари давлати мо такмил дода шудааст.

    Ҳамин тариқ, лоиҳаи намуди зоҳирии бинои китобхона дар ҳамоҳангӣ бо ёдгориҳои қадимаи кишварамон кашида шудааст. Тамоми талаботи вобаста ба нигоҳдории фонди азими китоб, шароит барои хонандагон, фароғати фарҳангӣ, баргузории чорабиниҳои гуногун ба назар гирифта шудаанд.

    Дар ҷараёни муаррифӣ лоиҳаи китобхона муфассал баррасӣ шуд.

    Ҳамчунин, ба сарвари давлат дар бораи ҷараёни кор оид ба ташкили марказҳои онкологӣ ва гематологӣ ҳисобот дода шуд.

    Тавре ки шумо медонед, 27 майи соли равон Президент «Дар бораи боз ҳам такмил додани низоми хидматрасонии гематологӣ ва онкологӣ ба аҳолӣ» қарор қабул кард. Тибқи ин санад, бинои нав барои Маркази тиббии ҷумҳуриявии онкология ва радиология сохта мешавад.

    Имрӯз барои ин марказ дар ҳудуди клиникаи Академияи тиббии Тошканд беш аз 5 гектар замин ҷудо карда шудааст. Лоиҳа бо назардошти таҷрибаи пешқадами муассисаҳои тиббии хориҷӣ таҳия шуда, барои табибон ва беморон тамоми шароитҳо пешбинӣ шудаанд. Ҳамкорӣ бо гурӯҳи Daedong Medical Consulting-и Кореяи Ҷанубӣ идома дорад. Он зиёда аз 50 ширкати машваратиро муттаҳид мекунад ва дар бунёди зиёда аз 600 муассиса дар Корея ва хориҷи он ширкат варзидааст.

    Мувофиқи қарори Президент дар соҳаи гематология низ тағйироти сифатӣ ба амал омада истодаанд. Аз ҷумла, шуъбаи гематологияи кӯдакон, саратоншиносӣ ва иммунологияи клиникӣ ба маркази алоҳида ҷудо карда мешавад ва аз соли оянда мустақилона аз Маркази ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи илмию амалии тиббии гематология ба фаъолият оғоз мекунад. Ин ду марказ ба биноҳои муосири дар кӯчаи Арнасойи ноҳияи Чилонзори Тошканд навбунёдшуда ҷойгир хоҳанд шуд.

    Дар ҷараёни муаррифӣ дар бораи корҳои дар самти ҷойгиркунии ин марказҳо ба биноҳои нав анҷомдодашуда сухан рафт. Имрӯз онҳо бо асбобу ашёи зарурӣ ва мебел пурра муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Ҳар як кат бо нуқтаҳои оксиген муҷаҳҳаз аст. Поликлиникаи амбулаторӣ, ки барои қабули 100 бемор дар як рӯз пешбинӣ шудааст, инчунин беморхона ташкил карда шуд. Барномаи "Клиникаи электронӣ" ҷорӣ карда мешавад, ки тавассути интернети нахи оптикӣ кор мекунад.

    Инчунин дар ин ҷо бунёди корпус барои лабораторияҳои бактериологӣ ва вирусологӣ, виварий ба назар гирифта шудааст.

    Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12 ноябри соли 2020 дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодии "Тирмиз" Маркази байналмилалии савдои Тирмиз таъсис дода мешавад. Сарвари давлати мо зимни сафар ба вилояти Сурхондарё бо нақшаи генералии марказ шинос шуд.

    Тибқи лоиҳаи арзиши умумиаш 75 миллион доллар аз маҷмӯи дорои 1800 нуқтаи савдо маркази логистикӣ ва анборҳои ғунҷоишашон қариб 1 миллион тонна бор, экспомаркази масоҳаташ 1,6 ҳазор метр, инчунин ду меҳмонхона, хостел, беморхона, нуқтаҳои хизматрасонии техникии автомобилҳо ва дигар объектҳо ҷой хоҳанд гирифт.

    Барои маркази оянда дар ноҳияи Тирмиз 26 гектар замин ҷудо карда шудааст. Қарор аст дар ошёнаҳои якуми биноҳо мағозаҳо ва дар дуввум корхонаҳои саноати сабук ҷойгир карда шаванд.

    Дар Маркази байналмилалии тиҷорат тартиби ғайриоддии андоз ва гумрук, будубоши бидуни раводид то 10 рӯз ва принсипи "равзанаи ягона" фаъолият хоҳад кард.

    Бинобар ҳисобу китобҳо муомилоти солонаи маркази савдо 500 миллион доллар ва ҳаҷми содирот 200 миллион долларро ташкил хоҳад кард. Созмон додани беш аз 5,6 ҳазор ҷойҳои корӣ дар назар аст.

    Дар тақдимот инчунин нақшаҳои истифодаи самараноки объектҳои моликияти давлатӣ дар шаҳри Тошканд, ташкили нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар канори роҳҳои вилояти Намангон баррасӣ шуданд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates