Ёдгориҳои таърихӣ, анъанаҳои ҳунармандӣ ва гастрономии Бухорои бостонӣ таваҷҷуҳи зиёди сайёҳонро ба худ ҷалб мекунанд. Дар маркази нав ҳамоҳанг намудани ин мероси ғанӣ бо хизматрасониҳои замонавӣ, дар шаҳр фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории чорабиниҳои бузурги байналмилалии фарҳангӣ ва соҳибкорӣ пешбинӣ шудааст.

Президенти мамлакат моҳи январи соли ҷорӣ зимни баррасии нақшаи генералии шаҳри Бухоро зарурати татбиқсозии лоиҳаҳои фарҳангӣ дар ҳамбастагӣ бо рушди сайёҳӣ, таъмини устувории иқтисодӣ ва идоракунии босифати онҳоро таъкид карда буд. Ин марказ низ барои дар як минтақа ҷамъ овардани хизматрасониҳои гуногун барои меҳмонон нигаронида шудааст.

Маҷмаа дар масоҳати 50 гектар бунёд мешавад. Барои лоиҳа равона кардани ҷамъ 105 миллион доллар сармоя ба нақша гирифта шудааст.

Мувофиқи лоиҳа, дар ин ҳудуд хонаи қабули меҳмонон, толори намоишгоҳ, осорхона, ду меҳмонхонаи замонавӣ, 80 меҳмонхонаи оилавӣ, амфитеатр бо 2 ҳазор ҷойи нишаст ва беш аз 70 нуқтаи савдо ва хидматрасонӣ сохта мешаванд. Инчунин, сайргоҳҳо, марказҳои ҳунармандӣ ва кӯли сунъӣ ташкил мегардад. Дар тарҳи иншоот ҳамоҳангсозии анъанаҳои хоси меъмории Бухоро бо роҳҳалҳои замонавӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳоло дар 10 гектар майдони марказ корҳои сохтмони шабакаҳои муҳандисиву коммуникатсионӣ идома доранд. Барои ин раванд қариб 50 техникаи махсус ҷалб шудааст.

Баъд аз пурра ба кор шурӯъ кардани маҷмаа, таъсис ёфтани 2 ҳазор ҷойи корӣ, ҷалби беш аз 2 миллион сайёҳи иловагӣ ба Бухоро дар назар аст. Тибқи ҳисобҳо, воридоти солона ба буҷети маҳаллӣ метавонад 288 миллиард сӯмро ташкил диҳад.

Президенти мамлакат таъкид кард, ки аҳамияти лоиҳа набояд танҳо бо биноҳои бунёдшаванда маҳдуд шавад, балки барои фароҳам овардани муҳити муносибе ба шуҳрати Бухоро, ки тӯли асрҳо маркази илму маърифат, савдо ва ҳунармандӣ будааст, инчунин, боз ҳам васеътар муаррифӣ кардани мероси ғании он ба ҷаҳониён бояд хидмат намояд. Меҳмоне, ки ба марказ меояд, бояд рӯҳи таърихии ин шаҳри шарифро эҳсос карда, рушди имрӯзаи онро бубинад, бухороиён бошанд, аз рушди сайёҳӣ соҳиби ҷойи кор ва даромад гарданд. Президент вазифа гузошт, ки лоиҳа маҳз бо назардошти ин мақсадҳо амалӣ карда шавад.

Сарвари давлат дар ҳамин ҷо ҳамчунин гузоришҳои масъулонро оид ба омодасозии ҳамаҷонибаи инфрасохтори Бухоро ба ҳамоишҳое, ки баргузории онҳо дар соли 2027 ба нақша гирифта шудааст, шунида, супоришҳои дахлдор дод.