Саноати чарму пойафзол – яке аз драйверҳои тараққиёти минтақа

    Ҳукумат 1 Fevral 2023 5364

    Корхонаи «Elegant shoes and» дар ноҳияи Шаҳрихон намунаи равшани рушди босуръати соҳибкорӣ дар сурати фароҳам овардани таваҷҷуҳи бояду шояд ва дастгирии зарурӣ мебошад.

    Соҳибкоре, ки фаъолияти худро ҳамчун пойафзолдӯз оғоз карда буд, тайи чаҳор соли охир фаъолияти устохонаи худро дар як бинои хурд пеш мебурд. Соли гузашта ӯ бо маблағҳои худ тиҷораташро васеъ намуда, корхонаи нави арзишаш 8 миллион доллар бунёд кард. Бо назардошти рушди истиқболнок маҷмӯи 4 ошёна сохта шуд.

    Президент Шавкат Мирзиёев бо фаолияти ин корхона шинос шуд.

    Дар ин ҷо таҷҳизоти Туркия ва Чин насб карда, тарроҳон ва технологҳои турк ҷалб карда шудаанд.

    Дар навбати аввал истеҳсоли 60 хели гуногуни пойафзол ва молҳои чармин ба роҳ монда шуд. Ҳоло дар ин ҷо 500 кас кор мекунад. Дар марҳалаи дуюм ҳам ҳамин қадар ҷойҳои кор таъмин карда мешавад.

    Мақсади асосии корхона содирот мебошад. Қарор аст, имсол ҳаҷми фурӯш ба хориҷи кишвар ба 4 миллион доллар расонида шавад. Соҳибкор гуфт, ки барои ворид шудан ба бозори Аврупо талош дорад. Дар ин бора сарвари давлат ба шахсони масъул супоришҳои дахлдор дод.

    – Саноати чарм низ ба драйвер табдил ёфта истодааст, шумораи чунин корхонаҳо меафзояд, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Акнун онҳоро бояд бо ашёи хоми кафолатнок таъмин кард. Дуюм, ба заноне, ки дар хона менишинанд, дархост додан лозим аст. Умуман, бо дастгирии дурусти чунин корхонаҳои пешрафта онҳоро ба кластер табдил додан мумкин аст.

    Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки якҷоя бо институтҳои илмӣ масъалаи маҳалликунонии масолеҳи воридшавандаро кор карда бароянд.

    Сарвари давлатамон бо заноне, ки дар корхона кор мекунанд, суҳбат кард.

    – Имрӯз мо ба Андиҷон омадем, ки масъалаҳои тавсеаи соҳибкорӣ, фароҳам овардани манбаи устувори неру, афзоиши даромади аҳолиро баррасӣ кунем. Музди шумо кай зиёд мешавад? Вақте ки маҳсулоти шумо дар бозор хуб фурӯхта мешавад. Ин бошад, сифат, дониш, маҳоратро талаб мекунад. Бинобар ин мо ба касбомӯзиии занони худ диққати махсус медиҳем. Агар зан хушҳол бошад, оила ва ҷомеа низ хушҳол хоҳад буд, – гуфт Президент.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates