Бахши хусусии Ӯзбекистон барои шомил шудан ба СУС омодагӣ мегирад

    Тиҷорат 29 Sentabr 2022 794

    Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ якҷоя бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар давраи аз сентябр то октябри соли ҷорӣ дар тамоми вилоятҳои Ӯзбекистон таҳти мавзӯи "Дастрасӣ ба бозори хидмат дар доираи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо семинару тренингҳо баргузор менамояд.

    Дар рафти чорабинӣ ба иштирокчиён тақдимотҳои муфассал оид ба бартариҳо ва даъватҳои эҳтимолии пайвастани Ӯзбекистон ба СУС, нақши бахши хусусӣ дар ин раванд, тартиби дарёфти дастгирии техникӣ барои намояндагони соҳибкории Ӯзбекистон дар доираи барномаи "Мусоидат ба рушди тиҷорат дар Ӯзбекистон" пешниҳод карда мешаванд.

    Иштирокчиёни тренинг бо Созишномаҳои СУС, ки савдои молҳо ва хизматрасониҳоро танзим мекунанд, хусусиятҳои гуфтушунидҳо оид ба имзои шартномаҳои тиҷоратӣ, инчунин ҷанбаҳои ҳамкории бахши хусусӣ ва Ҳукумат дар доираи СУС шинос мешаванд.

    Дар минтақаҳои Ӯзбекистон ба тартиби зерин семинарҳо ташкил карда мешаванд: Ҷумҳурии Қароқалпоқистон — 27 сентябр, вилояти Хоразм — 28 сентябр, вилояти Сурхондарё — 4 октябр, вилояти Қашқадарё — 5 октябр, вилояти Сирдарё — 11 октябр, вилояти Жиззах — 12 октябр, вилояти Самарканд — 13 октябр, вилояти Навоӣ — 18 октябр, вилояти Бухоро — 19 октябр, вилояти Фарғона — 24 октябр, вилояти Андиҷон — 25 октябр, вилояти Наманган — 26 октябр.

    Бинобар масъалаҳои иштирок дар семинар ва тренингҳо ба раёсати минтақавии Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ўзбекистон муроҷиат кардан мумкин аст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates