Соли гузашта ду ҷаласаи калидии Гурӯҳи кории СУС баргузор гардид, ки ин имкон дод, то ба таҳияи ҳуҷҷати асосии узвият - лоиҳаи Ҳисоботи гурӯҳи корӣ оғоз карда шавад. Ҳамчунин, гуфтушунидҳои дуҷониба бо 15 кишвар, аз ҷумла ИМА, Чин ва Ҷопон анҷом ёфтанд, ки натиҷаи он ба имзо расидани 23 созишнома гардид.
Барои шомилшавӣ ба СУС Ӯзбекистон 20 қонуни навро қабул кард, ки ба шаффофияти бештари фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди муҳити рақобат равона шудаанд.
«Ҳадафи ниҳоии иштирок дар СУС ва кӯшишҳои ислоҳоти сарвари давлат фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои мардум, таъмини ҷойҳои кори шоиста ва гузариш ба идораи самараноки иқтисодиёт мебошад», - навиштааст Мирзиёева.








