Танзила Норбоева бо БРСММ рушди ташаббусҳои гендерӣ ва зиддикоррупсионӣ дар Ӯзбекистонро баррасӣ кард

    10 декабри соли ҷорӣ раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бо Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Ӯзбекистон хонум Акико Фудзӣ мулоқот кард.

    Дар мулоқот ислоҳоти васеъмиқёс ва пайвастае, ки солҳои охир дар бахшҳои гуногуни Ӯзбекистон, бахусус бобати дастгирии занон, таъмини баробарии гендерӣ ва дастовардҳо дар соҳаи иҷтимоӣ амалӣ шудаанд, баррасӣ гардиданд.

    Қайд карда шуд, ки дар натиҷаи ислоҳот, Кумитаи давлатии боҷхонаи кишвари мо меъёрҳои гендериро ҷорӣ кард ва ба "Ҷоизаи нуқраи гендерӣ" сазовор гардид.

    Инчунин, самаранокии сиёсати Президент дар бахши мубориза бо коррупсия низ эътироф гардида, аз рӯйи чораҳое, ки барои омӯзиши хидматчиёни давлатӣ ва баланд бардоштани шаффофият, инчунин тақвияти ҳисоботдиҳӣ дар мақомоти маҳаллӣ татбиқ мешаванд, мубодилаи афкор сурат гирифт.

    Дар охири сӯҳбат, ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз рӯйи татбиқи барномаҳо оид ба такмили низоми мубориза бо коррупсия дар минтақаҳо, фаъолсозии иштироки зану духтарон дар корҳои ҷомеа, ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлис.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates