Нависандаи чорсолаи АМА ҷавонтарин муаллифи китоби нашршуда гардид

    Кӯдаки чаҳорсола аз Аморати Муттаҳидаи Араб ҷавонтарин нависанда дар ҷаҳон шуд, ки китоб нашр кардааст. Дар ин бора дар торнамои Китоби рекордҳои Гиннес хабар дода шудааст.

    Гуфта мешавад, ки Саид Рашед Ал-Моҳирӣ китоберо бо номи "Саид фил ва хирс" дар синни чаҳор солу 218 рӯзагиаш нашр кардааст.

    «Фил сайру гашт дошт ва хирси сафедро дид. Ӯ гумон кард, ки хирс ӯро мехӯрад ва гуфт: "Биёед якҷоя сайр мекунем!". Баъдан онҳо дӯст шуда, ба ҳамдигар меҳрубонӣ зоҳир карданд», - мегӯяд муаллиф.

    Ба гуфтаи муаллифи ҷавон, ӯро барои нашри асар хоҳараш илҳом бахшидааст, ки ӯ ҳамзамон рекордҳои Гиннесро дорад, ки ҷавонтарин зане, ки китоби дузабона нашр кардааст ва ҷавонтарин зане, ки силсилаи китобҳои дузабонаро нашр намудааст.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates