Ҳалокати 27 нафар дар суқути ҳавопаймои тамринии нерӯҳои ҳавоии Бангладеш дар Дака тасдиқ шуд. Дар ин бора намояндаи штати вазорати тандурустӣ Сайедур Раҳмон дар брифинг ба хабарнигорон маълум кард, хабар медиҳад tass.ru.
“Дар миёни кушташудагон 25 кӯдак ҳастанд, ки синни аксари онҳо аз 12 хурд аст ва дар миёни кҳалокшудагон як халабон ва омӯзгор низ ҳастанд.
Барои муайян кардани баъзе аз фавтидагон ташхиси ДНК лозим аст. Зиёда аз 170 нафар бо ҷароҳатҳои сӯхтагии дараҷаҳои гуногун ба беморхонаҳо интиқол ёфтанд. "Мо талошҳои худро барои расонидани кумаки тиббӣ идома медиҳем. Аммо вазъи бархе аз беморон вазнин боқӣ мемонад", - гуфт Раҳмон.