Бинобар иттилои АИ “Анадолу”, ин нишаст дар қароргоҳи Раёсати оид ба барртараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи Туркия  (AFAD) дар Анқара баргузор шуд.

Ба гуфтаи сарвари давлат, дар ҳоли ҳозир дар бемористонҳои кишвар 13 ҳазору 208 нафар осебдидаи офати табиӣ таҳти муолиҷа қарор доранд.

Раҳбари Туркия қайд кард, ки коршиносон аз тамоми ҷаҳон заминларзаҳои харобиовар дар Туркияро "падидаи табиии истисноӣ" унвон кардаанд.

Президент Эрдоған гуфт, ки тақрибан 250 000 хизматчии давлатӣ дар амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар минтақаи офати табиӣ ширкат доранд.

Вай таъкид кард, то замоне, ки дар зери харобаҳо одамони зинда боқӣ мондаанд, амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар манотиқи аз заминларза осебдида идома хоҳад кард.

Президент гуфт, ки то ин дам эҳтиёҷоти умумии 1 миллиону 600 ҳазор нафар аз зилзила осебдида ба манзил қонеъ гардонда  шудааст.

«Дар минтақаи заминларза беш аз 175 ҳазор хайма ва 5 ҳазору 400 хонаи типи контейнерӣ насб шудааст», - гуфт ӯ.

Сарвари давлат афзуд, ки мақомоти Туркия моҳи оянда ба сохтмони 30 ҳазор хона барои осебдидагони заминларза шурӯъ мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Туркия ният доранд дар давоми як сол сохтмони биноҳои баландсифат ва амнро ба анҷом расонанд, то эҳтиёҷоти манзилро дар тамоми минтақаи заминларза қонеъ созанд. Ёдовар мешавем, ки аз 10 феврал дар вилояти Ҳатайи Туркия, ки аз заминларза бештар осеб дидааст, госпитали саҳроии Вазорати дифои Ӯзбекистон фаъолият мекунад, ки дар он 50 пизишки низомӣ хидмат мекунанд. Госпитал бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва доруворӣ пурра ҷиҳозонида шудааст.