Дар ин бора хабаргузории GMA News бо такя ба Шӯрои миллии пешгирӣ ва коҳиш додани оқибатҳои офатҳои табиӣ хабар дод.
Бино ба маълумоти шӯро, аз заминларза дар шимоли Себу 170 000 нафар осеб диданд ва тақрибан 20 ҳазор нафар маҷбур шуданд, то хонаҳои худро тарк кунанд.
Ба гуфтаи ҳокимияти маҳаллӣ, бар асари заминларза бархе аз биноҳо вайрон шудаанд.
Рӯзи сешанбе соати 21:59 ба вақти маҳаллӣ заминларза бо шиддати 6,9 дараҷа сабт шуд. Баъдтар беш аз 2300 пасларза аз 1 то 5 балл ба қайд гирифта шуд. Ба иттилои Пажӯҳишгоҳи вулқоншиносӣ ва сейсмологияи Филиппин, заминларза тақрибан дар масофаи 20 километри шимолу шарқи шаҳри Бого дар умқи 5 километр рух додааст.
Дар музофоти Себу вазъияти фавкулодда эълон карда шуд. Ҳолати аз ҳама бештари фавт дар шаҳри Бого, ки 90 000 нафар аҳолӣ дорад ва дар шимоли вилоят ҷойгир аст, инчунин дар мунитсипалитетҳои Сан-Ремиҷио ва Меделлин ба қайд гирифта шудаанд









