"Бар асоси маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи таҷовузи амрикоиҳо, ки ба сӯи иншооти шаҳрвандӣ ва манотиқи истиқоматӣ дар Сано, музофоти Саада, Ал-Байзо ва шаҳри Радаа равона шудааст, 31 нафар ҳалок шуда, 101 нафари дигар маҷрӯҳ гардидааст", – навиштааст ӯ дар X (Twitter). Ба гуфтаи ӯ, аксари қурбониён занон ва кӯдакон мебошанд.
15 марти соли 2025 нерӯҳои мусаллаҳи ИМА тибқи фармони Президент Доналд Трамп зарбаҳои васеъмиқёсро ба минтақаҳои таҳти назорати ҳусиҳо дар Яман оғоз карданд. Фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА изҳор дошт, ки ин амалиёт барои ҳифзи манфиатҳои Амрико ва таъмини озодии ҳаракати баҳрӣ анҷом дода мешавад.
Ҷунбиши "Ансоруллоҳ" ваъда додааст, ки ба ин ташдид посух хоҳад дод ва иддао кардааст, ки ҳадафи ҳамлаҳо иншооти шаҳрвандӣ мебошанд, хабар медиҳад tass.ru.