Теъдоди қурбониёни таркиш дар бандари Эрон ба 40 нафар расидааст

    Бино ба гуфтаи губернатори вилояти Ҳурмузгони Эрон Муҳаммад Ашӯри Тазиёнӣ, шумори қурбониёни таркиш дар бандари Шаҳид-Раҷоӣ ба 40 нафар расидааст.

    "Теъдоди афроде, ки бар асари захмҳои таркиш ба ҳалокат расиданд, ҳоло ба 40 нафар расидааст", аз гуфтори ӯ иқтибос овардааст хабаргузории "Меҳр".

    Қаблан узви Комиссияи тандурустӣ ва хидматрасонии тиббӣ, порлумони Эрон Муҳаммад Ҷамолиён аз ҳалокати 36 нафар хабар дода буд.

    Вакили порлумон ҳамчунин таъкид кард, ки бисёре аз онҳо беному нишон боқӣ мондаанд ва мушаххас кардани теъдоди бедаракшудагон ғайриимкон аст. Ҷамолиён эҳтимоли мавҷуд будани ҷасади мурдагон дар минтақаи бандарро рад намекунад.

    Ба гуфтаи вакили парлумон, шумори қурбониён ба 240 нафар расидааст, ки вазъи 5 нафари онҳо вазнин мебошад, хабар медиҳад tass.ru.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates