Шумораи қурбониён бар асари зарбаи Исроил ба дафтари телевизиони давлатии Эрон ба ду нафар расид

    Шумораи кормандони Ширкати давлатии радиову телевизионии Эрон, ки дар натиҷаи зарбаи Исроил ба бинои марказии ин ниҳод ҳалок шуданд, ба ду нафар расид, хабар медиҳад агентии Nour News.

    «Дар натиҷаи ҳамлаи Исроил ба бинои Ширкати давлатии радиову телевизионии Ҷумҳурии Исломии Эрон сармуҳаррири шӯъбаи хабарҳо ва як корманди котибот ҷони худро аз даст доданд», — омадааст дар хабар.

    Қаблан Ширкати давлатии радиову телевизионии Эрон IRIB ("Садои Ҷумҳурии Исломии Эрон") хабар дода буд, ки мавриди ҳамлаи Исроил қарор гирифтааст. Лаҳзаи зарбаи Исроил ба дафтари марказии ин ширкат дар шаҳри Теҳрон дар пахши зиндаи барномаи ахбори "Канали дуюми хабарӣ" сабт шуд. Баъди ин, дар эфир халалҳо ва қатъи тасвир ба вуҷуд омад. Тавре худи радиоширкат хабар дод, ба бинои он на камтар аз чор зарба расид.

    Баъдан Ширкати давлатии радиову телевизионӣ хабар дод, ки дар натиҷаи зарбаи Исроил ба дафтари марказии ин ниҳод як корманди он ҳалок шудааст, менависад ria.ru.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates