Тибқи маълумоти Хадамоти амнияти давлатӣ, мансабдор аз ваколатҳои хизматии худ сӯиистифода карда, ба соҳибкори маҳаллӣ таҳдид намудааст, ки қитъаи замини қаблан ба иҷора додашударо ба соҳибкори дигар месупорад.

Дар ивази ин, ӯ талаб кардааст, ки дар манзили шахсиаш панелҳои офтобӣ бо иқтидори 20 киловатт насб карда шаванд.

Зимни амалиёти фаврӣ муовини ҳоким ҳангоми гирифтани 65 миллион сӯм дар дохили мошини хизматӣ бо далелҳои шайъӣ боздошт шудааст. Ин маблағ барои харидорӣ ва насби панелҳои офтобӣ пешбинӣ гардида буд.

Аз рӯйи ин ҳодиса нисбат ба мансабдор тибқи моддаи 210 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Айни замон амалҳои тафтишотӣ идома доранд.