Вазифаи таъмини иҷрои барномаҳо дар маҳаллаҳо гузошта шуд

    Ҳукумат 15 Noyabr 2021 4515

    Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 15 ноябр оид ба масъалаҳои таъмини шуғли аҳолӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ  ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.  

    Имрӯз тамоми талошҳо дар сиёсати иқтисодии давлат ба фароҳам овардани манбаи даромади аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шудааст. Ин вазифаи калонмиқёсест, ки маблағгузории маҷмӯъгиро оид ба сармоягузорӣ ба инфрасохтори иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар намудани таъминоти энергия ва инкишофи маориф тақозо мекунад.

    Дар вохӯриҳои пешазинтихоботии Шавкат Мирзиёев барномаҳои минтақавӣ бо дарназардошти ниёзу дархости аҳолӣ дар маҳалҳо муайян карда шуданд. Дар соли 2022 барои татбиқи онҳо равона намудани 75 триллион сӯм ба нақша гирифта шудааст. Акнун вазифаи бо ин барнома фаро гирифтани тамоми маҳаллаҳо қарор дорад.

    Дар маҷлис кори оянда дар ин бобат муҳокима гардид.

    Аз ҷумла, дар соли оянда ҷудо кардани 13 триллион сӯм ба барномаҳои дастгирии соҳибкории оилавӣ, касбомӯзии бекорон ва ҷавонон, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст.

    — Бунёди Ӯзбекистони нав маънои ба тарзи нав кор карданро дорад. Пеш аз ҳама, ҳокимон бояд тағйир ёбанд. Агар тамоми ҷидду ҷаҳд, маблағи ҷудошуда ба ҳаёти маҳалла таъсир нарасонад, натиҷае ҳосил нахоҳад шуд. Ҳангоми истифодаи ин маблағҳо бояд меъёри асосӣ таъсиси ҷойҳои корӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ бошад, -- гуфт роҳбари давлат.

    Кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳим барои таъсиси ҷойҳои корӣ мебошад. Дар соли оянда ба аҳолӣ додани 80 ҳазор гектар замин аз ҳисоби кам кардани майдони пахта ва ғалладона холишуда пешбинӣ шудааст. Ба кластерҳои меваву сабзавот ҷудо намудани 2 триллион сўм, ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи меваву сабзавот – 100 миллион доллар, ҳамон қадар ба лоиҳаҳои хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ ба нақша гирифта шудааст. Бонкҳо барои бо кишоварзӣ шуғл варзидан дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ қарзҳои имтиёзнок аз рӯи ставкаи 7 фоиз медиҳанд.

    Соли оянда дар чаҳорчӯби барномаи давлатии сармоягузории кишвар татбиқи ҳудуди 1,7 ҳазор лоиҳа ба маблағи беш аз 18 триллион сӯм ва дар чаҳорчӯби барномаҳои сармоягузории соҳавӣ ва минтақавӣ – 9 ҳазор лоиҳа ба маблағи 22 миллиард доллар пешбинӣ шудааст. Дар натиҷа, таъсиси 135 ҳазор ва 305 ҳазор ҷойи корӣ дар назар аст.

    Сарвари давлат таъкид кард, ки барномаҳои сармоягузорӣ бояд аз рӯи принсипи “маҳаллабай” на дар вазорат, балки аз ҷониби ёварони худи ҳокимҳо ташаккул дода шаванд.

    Соли оянда татбиқи 109 лоиҳа бо ҷалби 2,2 миллиард доллар аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ дар назар аст. Дар натиҷа 28 ҳазор кас бо кор таъмин мегардад.

    Сарвари давлат аҳамияти пайвастани маблағҳои аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ ба маҳаллаҳо ҷалбшударо таъкид кард.

    Дар ҷамъомад инчунин чораҳо оид ба ташкили самарабахши фаъолияти ёварони ҳокимон баррасӣ шуданд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates