Президент дар Нуқус бо фаъолияти клиникаи нав шинос шуд

    Ҳукумат 21 Sentabr 2021 6272

    Президент Шавкат Мирзиёев ба клиникаи бачагонаи назди Донишкадаи тиббии Қароқалпоқистон ташриф овард.  

    Чор сол пеш сарвари давлати мо барои таҳкурсии ин муассиса санги асос гузошта буд. Маҷмӯъ ҳамин моҳ ба истифода дода шуд.

    Клиника дар шароити статсионарӣ ба 3,6 ҳазор ва амбулаторӣ 22,4 ҳазор нафар хидмат мерасонад. Дар ин ҷо бар асоси технологияҳои баланд ба кӯдакони гирифтори бемориҳои модарзодӣ ва доимӣ ташхис гузошта ва онҳо табобат карда мешаванд. Шуъбаҳои ҷарроҳии дилу раги кӯдакон, ҷарроҳии инвазивии хурд, нейрохирургия, офталмология, оториноларингология, ҷарроҳии манаҳу рӯй, ортопедия ва гинекология бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошанд.

    Дар беморхона тақрибан 300 нафар кор мекунанд. Профессорон ва омӯзгорон, кормандони тиб таҷрибаи худро дар клиникаҳои пешбари кишварҳое ба мисли Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Австрия, Русия баланд бардоштанд.

    Президент кӯдаконеро, ки дар ин ҷо табобат мегиранд, аёдат намуда, бо модарон сӯҳбат кард.

    - Фарзанд саодати модар аст. Мо саъй хоҳем кард, ки ин хушбахтиро нигоҳ дорем, то кӯдакони бемор зуд шифо ёбанд ва кӯдакони солим бемор нашаванд, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Сарвари давлат инчунин бо донишҷӯёни донишкада, ки дар ин ҷо таҷриба меомӯзанд, мулоқот намуд. Зарурати афзун гардондани миқдори дарсҳо оид ба технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи тибб таъкид гардид.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates