Дар сухани ифтитоҳии худ сарвари давлати мо мардуми бародарро бо ҷашни Наврӯзи баҳорӣ ва иди муқаддаси Рамазон самимона табрик гуфт.
– Имрӯз барои мардумони мо ҷашни воқеан бузург ва деринтизор аст. Мо Шартномаи таърихӣ оид ба нуқтаи пайвасти сарҳадҳои давлатии се кишварро ба имзо расонидем. Акнун сарҳадҳо – хатҳои бародарӣ, фазои имкониятҳои нав, созандагӣ ва ҳамгироӣ мебошанд, – таъкид намуд Президент.
Қайд гардид, ки мардумони мо як сарзамини муқаддас, як дин, як сарнавишт ва орзуву умеди муштарак доранд. Ҳоло вазифаи мо ин аст, ки якҷоя ин сарзамини зеборо барои зиндагии шоиста ва хушбахтонаи наслҳои ҳозира ва оянда обод созем.
Дар солҳои охир, бо шарофати иродаи сиёсии муштарак, дар муносибатҳои байни кишварҳои мо тағйироти мусбати азим ба амал омадааст.
Имрӯз Шартномаи муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон эътибор пайдо кард. Дар ояндаи наздик ин гуна ҳуҷҷат байни Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба имзо мерасад.
Нишондиҳандаҳои савдо, сармоягузорӣ, ҳамлу нақли бор ва сафарҳои шаҳрвандон босуръат афзоиш меёбанд. Шумораи намунаҳои муваффақи ҳамкорӣ зиёд шуда истодааст.
Қайд гардид, ки дар ҷараёни музокироти имрӯза созишномаҳо оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои мубодилаи тиҷоратӣ ва фарҳангӣ, зиёд кардани парвозҳои мустақим ва оғози хатсайрҳои нави автобусӣ байни шаҳрҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ ба даст омаданд.
Ба баргузории мунтазами чорабиниҳои фарҳангӣ, фестивалҳои эҷодӣ, форумҳои ҷавонон ва мусобиқаҳои варзишӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
– Ҳунар сарҳад надорад, рисолати бузурги он – муттаҳид сохтани одамон аст. Ва консерти имрӯзаи ҳунармандони соҳибистеъдоди се кишвар бори дигар сарват, гуногунрангӣ ва умумияти фарҳангҳои моро намоиш медиҳад, – хулоса кард Президенти Ӯзбекистон.