Мадрасаи Абдуллохон яке аз намунаҳои нодири меъмории ӯзбек дар асри XVI мебошад, ки солҳои 1588–1590 аз тарафи ҳукмдори хонигарии Бухоро аз сулолаи Шайбониён, саркардаи бузург ва арбоби давлатӣ Абдуллохони II сохта шудааст.

Тарҳ ва намуди дохилии мадраса бо сохтори мураккаби муҳандисӣ аз мадрасаҳои анъанавии Бухоро фарқ мекунад. Даромадгоҳи асосии маҷмаа ба самти ҷануб буда, бо кошинҳои кабуд ва нақшу нигори сирдор, ки дар шакли нақшҳои геометрӣ чида шудаанд, оро ёфтааст.

Дар асри XVI мадраса яке аз бузургтарин ва бонуфузтарин марказҳои таълими олӣ ва илму фанни Мовароуннаҳр буд. Дар ин ҷо ба толибилмон фанҳои динӣ ва дунявиро меомӯхтанд. Бахусус, дар мадраса дар баробари Қуръон, тафсир, ҳадис, фиқҳ ва ақоид, забон ва адабиёти араб, мантиқ, фалсафа, математика, геометрия ва тиб низ ба таври амиқ таълим дода мешуд.

Дар қисми ҷанубии ансамбл мадрасаи Модарихон ҷойгир аст, ки онро Абдуллохони II солҳои 1566-1567 ба шарафи модари худ бунёд намудааст. Мадрасаҳо рӯ ба рӯи ҳам, дар як меҳвари меъморӣ қомат афрохтаанд.

Ансамбли Қӯшмадраса солҳои 2023–2024 дар доираи лоиҳаи арзишаш 6 миллиард сӯмина қисман барқарор карда шуд. Алҳол ҳамасола як миллион сайёҳ аз ин маҷмаа дидан мекунанд.

Ба Сарвари давлат нақшаи корҳои барқарорсозии ансамбли Қӯшмадраса муаррифӣ гардид.

Президент аз рӯйи фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои сайёҳон дастурҳо дод.