Имрӯз дар мамлакати мо намояндагони зиёда аз 130 миллату қавм ҳамчун оилаи ягона ва муттаҳид умр ба сар мебаранд, 157 маркази миллию фарҳангӣ фаъолият доранд. Ин гуногунрангӣ падидаи нодири иҷтимоӣ ба шумор меравад, ки дар натиҷаи равандҳои таърихии чандинасрина ташаккул ёфтааст.

Дар мамлакат рушди фарҳангҳои миллӣ, ҳифз ва таҳкими ҳамҷиҳатии байни миллатҳо ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор дорад.

Павилоне, ки дар майдони назди Боғи дӯстӣ ва бинои Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзии мамлакат бунёд шудааст ва меъмории ба худ хоси бисту ду миллатро инъикос мекунад, намунаи равшани чунин эътибор мебошад.

Дар ин ҷо юртаҳои қазоқӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва бошқирдӣ, инчунин хонаҳои дӯстии дуошёнаи халқҳои корейс, беларус, украин, юнон, олмон, дунган, поляк, яҳуд, гурҷӣ, арман, тотор ва тотори Қрим, уйғур, турк, тоҷик, чин, рус ва озар ҷойгир шудаанд.

Дохили хонаҳо мутобиқ ба анъанаҳои миллии ҳар як халқ оро дода шудааст. Дар экспозитсияҳо либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, намунаҳои санъати декоративӣ-амалӣ, тарҳҳои таърихӣ ва экспонатҳои зиёди инъикоскунандаи мероси фарҳангӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Имрӯз дар павилон шукӯҳи Наврӯз пойдор аст. Зеро Наврӯз ҷашнест, ки ғояҳои накӯ – чун ваҳдат, эҳё ва даъват ба некиву созандагиро таблиғ менамояд.

Роҳбари давлат бо фаъолияти ҳар як гӯшаи миллӣ шинос шуд. Бо иштирокдорон суҳбати самимӣ анҷом дод.

Дар рафти мулоқотҳо саҳми марказҳои миллию фарҳангӣ ҷиҳати бо рӯҳияи баланд баргузор шудани ҷашнҳои умумихалқӣ махсус таъкид гардид. Ба ҳамватанони гуногунмиллати мо, ки бо ватандӯстӣ, меҳнати фидокорона дар баланд бардоштани иқтидори иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳм мегузоранд, изҳори сипос карда шуд.

Президент барномаи бадеиро, ки барои меҳмонони павилон омода гардида буд, тамошо кард. Якҷо бо намояндагони марказҳои миллии фарҳангӣ акс гирифт.