Ҳайатҳои вакилони Русия ва Тоҷикистон бо технопарки Чирчиқ шинос шуданд

    Тиҷорат 25 Aprel 2023 803

    24 апрели соли 2023 ҳайатҳо аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи миссияҳои корӣ ва намоишгоҳи байналмилалии «ИННОПРОМ. Осиёи Марказӣ 2023» аз технопарки кимиёвӣ-саноатии «Чирчиқ» дидан карданд.

    Меҳмонон бо фаъолияти технопарк ва резидентҳое, ки аллакай истеҳсолоти худро ба роҳ мондаанд, шинос шуданд.

    Ба технопарк вазири рушди иқтисоди вилояти Рязан Андрей Ворфоломеев, муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоҷон Гурбонзода, ҳайатҳои вилоятҳои Ленинград, Тюмен, Тула, Саратов, Оренбург ва Томск, шаҳри Абакани Хакасия, шаҳри Санкт-Петербург ва Ҷумҳурии Удмурти Федератсияи Русия ташриф оварданд.

    Дар ҷараёни сафарҳо аъзои ҳайат аз шаҳри Санкт-Петербург ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳокими шаҳри Чирчиқ Даврон Ҳидоятов мулоқот анҷом доданд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates