Намояндагони як қатор муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои саноатии Олмон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти он аз ҶС «Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ» дидан карданд.
Хайати вакилон бо сарварии шахсони масъули вазорати иқтисодиёт, нақлиёт ва хоҷагии қишлоқи замини федералии Рейнланд-Пфальц ба сехҳои калонтарини заводи мошинсозии Навоӣ рафта, бо раванди кор дар корхона ва кори амалӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, маҳаллигардонии ҷузъҳои гуногун, таҷҳизоти технологӣ, осиёбҳое, ки дар саноати маъдани кӯҳӣ истифода мешаванд, шинос шуданд.
Намояндагони Палатаи савдою саноатии Олмон ва корхонахои олмонӣ дар бораи фаъолияти худ маълумоти муфассал доданд. Дар рафти сафар самтҳои ояндадори ҳамкориҳо баррасӣ шуданд.
Ҳайати вакилони хориҷӣ барои пазироии гарму ҷӯшон ва вохӯрии конструктивӣ миннатдорӣ баён кард.