Ҳайати вакилони ИМА дар таркиби беҳтарин ҷарроҳони кардиохирурги ҷаҳон ба Тошканд омад

    13 июн бинобар даъвати Фонди сармояҳои бевоситаи Ӯзбекистон (UzDIF) ба Тошканд ҳайат дар таркиби роҳбарияти ширкати Columbia HealthSource (CHS) ва кардиоҷарроҳони беморхонаи Пресбетариани Ню-Йорк (New York Presbyterian Hospital), ки дар ҷаҳон яке аз марказҳои беҳтарини ҷарроҳӣ ба ҳисоб меравад, ба Тошкент омад.

    Дар Ӯзбекистон CHS дар татбиқи таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ дар идоракунии клиникаҳои тиббӣ, табодули таҷриба ва дониш дар соҳаи ҷарроҳии кардиологӣ, инчунин ташкили Маркази таҷрибаи пешқадам (Center of Excellence) барои беморхонаи бисёрфунксионалии тиббии ба нақша гирифташуда дар Тошканд машғул аст.

    Дар чаҳорчӯби ин сафар, ки то 16 июн идома мекунад, мутахассисони амрикоӣ барои ҷарроҳони ватанӣ як силсила тренингҳо, презентатсияҳо ва лексияҳо мегузаронанд. Чорабиниҳо дар Маркази ҷумҳуриявии махсуси илмию амалии тиббии ҷарроҳии ба номи В.Воҳидов баргузор мешаванд.

    Ба ғайр аз ин, узви ҳайат бо низоми нигаҳдории тандурустии кишварамон, инчунин тавсиянома ва барномаи идоракунӣ барои клиникаи ояндаи тиббӣ, ки дар чаҳорчӯби лоиҳаи сармоягузории UzDIF тайёр карда мешавад, шинос карда хоҳанд шуд.

    Қобили зикр аст, ки ҳайати ИМА-ро доктор Крейг Смит роҳбарӣ мекунад, ки мудири кафедраи ҷарроҳии беморхонаи Пресбетариани Ню-Йорк (Маркази тиббии Донишгоҳи Колумбия), дорои таҷрибаи чандинсола дар ҷарроҳии дилу сина мебошад, ки рӯйхати хидматҳои ӯ ҷарроҳии мураккаб дар дили президенти собиқи ИМА дар соли 2004-ро фаро мегирад.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates