Дар доираи ин сафар, баррасии масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории байнипорлумонии ду кишвар, таҳкими ҳамкорӣ дар тамоми самтҳои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, ҳуқуқи занон ва баробарии гендерӣ дар назар аст.
Мулоқотҳои Раиси Сенат Танзила Норбоева бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия, вазири корҳои оила ва хидматрасониҳои иҷтимоии Туркия, инчунин роҳбарони як қатор идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Ин сафар ба боло бурдани сатҳи нави муносибатҳои дуҷониба, амиқсозии минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории байнипорлумонӣ миёни ду кишвар мусоидат мекунад.