Дар чорабинӣ табодули афкор роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкориҳо дар формати ИДМ, баррасии рафти иҷрои барномаҳои муштарак, инчунин лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки ба баррасии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳод пешниҳод шудаанд, пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби сафари худ дар Душанбе ҳайати Ӯзбекистон дар нишасти навбатии раҳбарони ниҳодҳои умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат ва як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад, хабар медиҳад дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.