Дар доираи сафари корӣ вазири энергетика Ҷӯрабек Мирзамаҳмудов бо директори генералии агентӣ Рафаэл Гросси ва муовинони ӯ вохӯриҳо анҷом дод.
Дар натиҷаи музокирот «харитаи роҳ» ба имзо расид, ки ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи осоиштаи нерӯи атомӣ равона шудааст.
Барои маълумот: Конфронси генералии МАГАТЭ намояндагони 180 кишвари узвро ҷамъ меорад ва бо таъмин намудани фаъолнокӣ ва самаранокии фаъолияти он дар шароити чолишҳои замонавӣ самти стратегии фаъолияти ташкилотро муайян мекунад.










