Ҳайати Ӯзбекистон дар форуми солонаи OECD “Ҳафтаи Авруосиё” ширкат варзид

    Сармояҳо 22 Dekabr 2023 2399

    Ҳайати Ўзбекистон таҳти роҳбарии муовини вазири сармояҳо, саноат ва савдо Бадриддин Абидов дар Париж дар як қатор чорабиниҳои калони дутарафа ва байналхалқӣ иштирок намуд.

    Аз ҷумла, дар ҳамоиши солонаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) “Ҳафтаи Авруосиё” рушди кунунии иқтисодии кишварҳои Авруосиё муаррифӣ шуда, масъалаҳои боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ, рақамисозӣ, гузариш ба иқтисодиёти «сабз», тавсеаи долонҳои нақлиётию логистикии кишварҳои минтақа баррасӣ шуданд.

    Дар доираи машваратҳои сиёсии Ӯзбекистону Фаронса ва "мизи мудаввар"-и муштарак бо ширкатҳои фаронсавӣ дар "MEDEF International" масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин дурнамои густариши шарикии тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.

    Зимни сафар ҳамчунин бо Котиби генералии OECD М.Корман ва дигар кормандони роҳбарикунандаи созмон мулоқотҳо баргузор гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВССС.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates