Ҳайати Ўзбекистон дар Форуми ҳамкории “Ҷумҳурии Куриё – Осиёи Марказӣ” иштирок кард

    30 ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Абдулазиз Комилов дар 14-умин Форуми ҳамкориҳои «Ҷумҳурии Корея – Осиёи Марказӣ» иштирок кард.

    Имсол мавзӯи муҳокима пешомадҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мубориза бо тағйирёбии иқлим, иқтисодиёти сабз, таъмини бетарафии карбон, нигаҳдории тандурустӣ ва рақамисозӣ гардид.

    Дар мулоқот вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов нуқтаи назари мамлакатамонро бинобар масъалаҳои асосии рӯзнома баён намуд. Аз ҷумла, дар соҳаи мубориза бо чолишҳои иқлим дар бораи омодагии ҷониби Ӯзбекистон оиди фаъол иштирок кардан дар талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати пешбурди рӯзномаи “сабз” ва ҷилавгирӣ аз равандҳои тағйирёбии иқлим хабар дода шуд. Пешниҳод карда шуд, ки тадбирҳои ҳамоҳангшуда барои ноил шудан ба бетарафии карбон дар иқтисодиёти минтақаҳо таҳия карда шаванд.

    Муҳимияти идомаи ҳамоҳангсозии зич ҷиҳати муқовимат ба пандемия, аз ҷумла истеҳсоли ваксинаҳо, таъмини дастрасии онҳо, тақсими одилона ва эътирофи шаҳодатномаҳои эмкунӣ қайд карда шуд.

    Мувофиқи мақсад будани созмон додани платформаи доимӣ барои коршиносон ва мутахассисони IT барои мубодилаи таҷриба ва трансфери қарорҳои инноватсионӣ дар соҳаи рақамисозӣ қайд гардид.

    Бо дарназардошти он, ки соли 2022 30-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таҷлил мешавад, пешниҳод шуд, ки барномаи таҷлили муштараки ин санаи муҳим таҳия карда шавад.

    Бинобар ҷамъбасти Форум Изҳороти муштарак қабул гардид.

    ***

    Худи ҳамон рӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ён мулоқот анҷом дод. Масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаи сатҳи баланд ва олӣ баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates