Ҳайати Ўзбекистон дар машварати байнивазоратҳо оид ба масъалаҳои бехатарии минтақавӣ иштирок кард

    20 апрели соли 2022 дар Маскав машваратҳо оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид.

    Дар ин чорабинӣ Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ҳайат бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Владимир Норов намояндагӣ кард.

    Иштирокчиёни машваратҳо масъалаҳои таъмини амният дар фазои СҲШ-ро баррасӣ намуда, ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

    Ба ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳои узви СҲШ дар самти Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.

    Дар баробари ин, дар чаҳорчӯби чорабинӣ ба ҳайатҳо дар бораи татбиқи афзалиятҳои раёсати Ӯзбекистон дар СҲШ, чорабиниҳои асосии баргузоршаванда ва таҳияи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки барои имзо дар Саммити самарқандии Созмон моҳи сентябри соли ҷорӣ пешбинӣ шудаанд, маълумот дода шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates