Дар ин ҳамоиш сарони як қатор давлатҳо, раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳо, бонкҳои рушд, бунёдҳо ва созмонҳои ғайридавлатӣ ширкат доштанд.
Форум ба тамоюлҳои муосири муносибатҳои байналхалқӣ бахшида шуд. Иштирокчиён дар баромадҳои худ ба чунин соҳаҳо, аз қабили тағирёбии иқлим, оқибатҳои манфии пандемияи COVID-19, афзоиши нобаробарӣ, инчунин муноқишаҳои нави байнидавлатӣ, ки оқибатҳои глобалӣ доранд, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Қобили зикр аст, ки Форуми сулҳи Париж соли 2018 бо ташаббуси Президент Эммануэл Макрон ҳамчун як платформаи сатҳи баланд барои табодули афкор байни шахсони марбут ба масъалаҳои идоракунии глобалӣ бо мақсади муайян намудани роҳҳои ҳалли мушаххас ва ҷавобҳо ба чолишҳои кунунӣ, ба роҳ монда шуда буд, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Дар доираи сафари муовини якуми Раиси Сенати Олий Маҷлис Содиқ Сафоев дар пойтахти Фаронса ҳамчунин дар Сенат, Маҷлиси миллӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Лувр, Институти ҷаҳони араб, мактаби тиҷорати "ESSEC" ва Донишгоҳи Париж Пантеон Ассас вохӯриҳо гузаронда шуданд.









