Инчунин, дар он сардори Инспексияи давлатии назорати сифати таълим Улуғбек Тошкенбаев, муовини аввали вазири таълими олӣ ва миёнаи махсус Комилҷон Каримов, намояндаи доимии Ӯзбекистон дар назди ЮНЕСКО Умид Шодиев ва бошқалар иштирок мекунанд.
Ҳадафи ин ҳамоиш, ки аз ҷониби Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш даъват шудааст, баррасии роҳҳои беҳбуди маориф дар саросари ҷаҳон, инчунин рафъи монеаҳои ба вуҷуд омадаи пандемия мебошад.
Намояндагони Ӯзбекистон дар як силсила ҷаласаҳои Саммит оид ба тағйир додани таҳсил, инчунин дар ҷаласаи ҷамъбастии он дар мавзӯи трансформатсияи рақамии маориф иштирок менамоянд.
Аз ҷумла, дар сессияе, ки 17 сентябр дар мавзӯи «Тағйир додани таълим тавассути иртибототи ҳамагонӣ»: мактабҳо ҳамчун марказҳои густариши робита дар минтақаҳои душвордаст» баргузор гардид, сардори Инспекцияи давлатии назорати сифати таълим Улугбек Ташенбоев дар бораи самтҳои асосии кор оид ба беҳтар намудани таълим дар ноҳияҳои душворгузар сухан ронд.
Дар ин ҳамоиш ҳамчунин кишварҳои узви СММ, агентиҳои СММ, созмону оҷонсиҳои байналмилалӣ, олимону мутахассисони соҳа, ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, бунёдҳои гуногун, иттифоқҳои касаба ва намояндагони бахши хусусӣ ширкат доранд.