Дар рафти сафар аъзоёни гурӯҳи корӣ бо фаъолияти Федератсияи миллии ирригаторони Испания (FENACORE), Конфедератсияи гидрографии дарёи Гвадалкивир, обанбори Негратин, як катор кооперативҳои хоҷагии қишлоқ, ки бо парвариши пахта, сабзавоту шолӣ дар ноҳияҳои автономии Андалусия ва Мурсия, дар хоҷагии қишлоқ васеъ истифода бурдани технологияи сарфаи об махсус гардонда шудаанд, шинос шуданд. Таҷрибаи онҳоро дар чунин соҳаҳо, ба монанди ба ҳисоб гирифтан ва тақсим кардани об, идоракунии системаҳои обёрӣ омӯхтанд.
Дар натиҷа дар бораи ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо муассисаҳои Испания, ҳалли масъалаи ҷалби мутахассисони соҳибихтисос ба сифати мушовир ба лоиҳаҳое, ки дар доираи стратегияи ислоҳоти системаи обёрии Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, созиш ҳосил гардид, хабар медиҳад АИ “Дунё”.
Илова бар ин, ҳайати вакилон аз корхонаҳои пешрафта ва пешқадами Испания, ки таҷҳизот барои обёрии қатрагӣ ва обпошӣ, филтрҳо, насосҳо, обанборҳо ва зарфҳо, системаҳои обёрии гармхонаҳоро истеҳсол мекунанд, дидан карданд. Масъалаҳои дар мамлакати мо дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ҷорӣ намудани технологияи сарфаи об муҳокима шуданд. Дар бораи ҳамкорӣ созишномаҳои конкретӣ ба даст оварда шуданд.