Дар ин ҳамоиш, ки фаъолтарин ва бонуфузтарин занони пешворо гирди ҳам меорад, раисони порлумон, сарони ҳукуматҳо, беш аз 1,5 ҳазор намоянда аз 126 кишвар ва беш аз 20 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагони арсаҳои мухталиф, аз қабили тиҷорат, илм, маориф, нигахдории тандурустӣ иштирок карданд.
Дар кори форум инчунин ҳайати Ӯзбекистон таҳти сарварии Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева иштирок дорад.
Дар доираи форум дар назар аст, ки раиси Сенат бо сарони парлумонҳои як қатор давлатҳо мулоқотҳои дуҷониба анҷом диҳад.