Қобили зикр аст, ки Комиссия мақоми кории Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ буда, стандартҳои байналмилалии ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи занон, инчунин пешниҳодҳо оид ба риояи онҳоро таҳия менамояд.
Дар ин чорабинӣ, ки ду ҳафта давом мекунад, намояндагони СММ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ рафти татбиқи Эъломияи Пекинро баррасӣ мекунанд.
Иҷлосия ба суръат бахшидан ба баробарии гендерӣ ва густариши ҳуқуқу имкониятҳои занону духтарон тавассути ҳалли мушкилоти камбизоатӣ, таҳкими институтҳо ва маблағгузорӣ бо назардошти мушкилоти гендерӣ бахшида хоҳад шуд.
Дар ҷараёни сафар ҳамчунин баргузор намудани мулоқотҳои дуҷониба бо сарони сохторҳои СММ, президентҳои як қатор давлатҳо, раҳбарони ҳукумат ва вазирон дар назар аст.