Аз аввали сол шумораи умумии фавтидагон аз ин беморӣ ба 179 нафар расидааст. Дар саросари мамлакат зиёда аз 2000 нафар дар муассисаҳои тиббӣ аз ин беморӣ азият мекашанд ва таҳти муолиҷа қарор доранд. Ҳолатҳои марг дар манотиқи гуногун ба қайд гирифта шудаанд. Аз аввали сол шумораи сироятёфтагони беморӣ аз 48 ҳазор афзуд.

Бино ба ҳушдори мутахассисони тиббӣ, вазъият дар Бангладеш нисбат ба соли 2024, ки 575 нафар дар он аз Денге ҷон бохтанд, босуръат бад шуда истодааст. Мутахассисон даъват доранд, ки барои назорати популятсияи коми пашшаҳо, ки интиқолдиҳандаи вирусанд, чораҳои шадид андешида шавад. Онҳо ҳамчунин таъкид мекунанд, ки муассисаҳои тандурустӣ бояд барои қабули шумораи зиёди беморон омода шаванд.

Таби Денге бемории вирусист, ки дар минтақаҳои иқлимашон тропикӣ ва субтропикӣ паҳн шудааст. Вирус тавассути пашшаҳои модина паҳн мешавад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) мегӯяд, дар солҳои охир ин беморӣ дар ҳамаи минтақаҳои зери назорати созмон босуръат паҳн мешавад. Ҳар сол аз 100 то 400 миллион нафар ба он гирифтор мешаванд.

Ба иттилои созмон, беш аз 80 фоиз ҳолатҳо сабук ва ё аломат надоранд, вале вирус метавонад боиси пайдоиши бемории шадиди роҳи нафас шавад, ки эҳтимоли марг низ дорад, хабар медиҳад tass.ru.