Оила дар шаҳри Нерюнгри (Ҷумҳурии Саха, Якутия) ба ҳолати душвори зиндагӣ дучор шуда, на танҳо ба ҳуҷҷатҳои консулӣ, балки ба дастгирии маънавии Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Новосибирск ниёз дошт, хабар медиҳад АИ «Дунё».

Дипломатҳо бо ин оила мулоқот карданд. Ба модари фарзандон, ки шиносномаашро гум карда буд, сертификати ройгон барои бозгашт ба Ӯзбекистон дода шуд. Инчунин барои ӯ ва фарзандонаш чиптаҳои ҳавопаймо ба Ӯзбекистон харидорӣ гардид.

Шаҳрванди Ӯзбекистон бо фарзандонаш тавассути парвози ширкати ҳавопаймоии «Uzbekistan Airways» ба Ватан парвоз кард.