Директори ДБОМ бо сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ӯзбекистон мулоқот анҷом дод

    Мулоқот ба баррасии рафти иҷрои созишномаҳои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Президенти Шӯрои Аврупо дар нишасти дуюми "Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо", ки 2 июни соли 2023 дар шаҳри Чӯлпон-Ота "Қирғизистон) баргузор гардид, бахшида шуда буд.

    Масъалаҳои бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ташкил кардани Конфронси коршиносони “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо: рӯзномаи нави ҳамкорӣ дар соҳаи амният” баррасӣ шуданд.

    Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба имкони таҳия ва роҳандозии лоиҳаҳои нави минтақавӣ миёни Осиёи Марказӣ ва ИА ҷиҳати мубориза бо таҳдиду чолишҳо, аз қабили радикализм, терроризм, киберамният, ҷиноятҳои муташаккил ва қочоқи инсон табодули афкор намуданд.

    Сафир С.Адриан пешниҳод намуд, ки дар Тошканд "мизи мудаввар"-и муштарак бо иштироки роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, инчунин намояндагони доираҳои коршиносӣ ва таҳлилии кишварҳои минтақа ва Иттиҳоди Аврупо баргузор карда шавад.

    Илова бар ин, доир ба ташкили Анҷумани “Марказҳои ақлӣ”-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо мақсади баррасии масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, коридорҳои нақлиётӣ ва сайёҳӣ, инчунин рақамикунонии иқтисодиёт табодули афкор сурат гирифт.

    Дар хотима ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муҳокимаи масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаро идома диҳанд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates