Дар ҷараёни гуфтушунид ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар чорчӯби лоиҳаҳои муштарак баррасӣ гардид. Таъкид гардид, ки ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои рақамисозӣ, нақлиёт, ашёи хоми ҳаётан муҳим ва идоракунии захираҳои об аҳамияти махсус дода мешавад.

Тарафҳо ҳамчунин андешаҳои худро оид ба густариши ҳамкориҳо тавассути истифодаи фаъолтари минбарҳои мавҷудаи муколама ва механизмҳои ҳамкории тиҷории Иттиҳоди Аврупо, Ӯзбекистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мубодила карданд.

Омодагии тарафайн барои амиқтар намудани ҳамкориҳои амалии муштарак ва идомаи муколамаи созанда доир ба самтҳои авлавиятдор тасдиқ шуд.