«Uzbekistan GTL» ба истеҳсоли сӯзишвории синтетикии дизелии синфи олӣ, ки пурра ба талаботи андозаи аврупоии экологии  Евро-6 (EN15940) ва андозаи миллии O'zDSt EN15940:2022 ҷавобгӯ аст,  шурӯъ кард.

1 июли соли 2022 ширкати швейтсарии SGS озмоишҳои мустақили лаборатории сӯзишвории синтетикии дизелии дар заводи «Uzbekistan GTL» истеҳсолшударо анҷом дод, ки натиҷаҳои он мутобиқати тамоми параметрҳои дизели GTL ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ мувофиқ будани GTL-ро тасдиқ карданд.

Қаблан лабораторияи марказии заводи «Uzbekistan GTL», ки аз ҷониби Маркази аккредитатсияи Ӯзбекистон (O'ZAK.SL.0208) номнавис шудааст, низ тасдиқи мутобиқати сӯзишвории синтетикии дизелии GTL-и истеҳсолшударо  ба талаботи стандартҳо гирифт.

Сӯзишвории синтетикии дизелии синфи олии истеҳсоли  “Ўзбекистон GTL” ба воситаи платформаҳои савдои Биржаи ҷумҳуриявии молу ашёи хоми Ӯзбекистон  фурӯхта мешавад.

Иқтидори завод  имконияти соле истеҳсол намудани то 1 миллион тонна сӯзишвории дизелиро фароҳам меорад, хабар медиҳад, хидмати матбуоти Вазорати Энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.