Барои неругоҳи барқии бодӣ, ки дар Навоӣ сохта мешавад, аз Чин турбинаҳои бодӣ оварда мешаванд

    Энергетика 20 Yanvar 2023 903

    Тавре қаблан хабар дода шуда буд, дар ноҳияи Томдии вилояти Навоӣ ширкати «Masdar»-и Аморат неругоҳи барқии бодии иқтидораш 500 МВт бунёд мекунад.

    «Masdar» ва ширкати чинии «Goldwind» барои таҳвили 111 турбина барои неругоҳи барқии бодӣ дар ноҳияи Томдии вилояти Навоӣ қарордод имзо карданд.

    Турбинаҳои бодӣ барои неругоҳи барқии бодӣ, ки дар Ӯзбекистон сохта мешавад, аз шаҳри Ланҷоуи Чин бо мошинҳои махсус оварда мешаванд.

    Ин неругоҳ дар авохири соли ҷорӣ ба истифода дода шуда, бузургтарин неругоҳи бодӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.

    Неругоҳ баъди бо иқтидори пурра ба кор дароман, соле 1 миллиарду 800 миллион киловатт-соат қувваи электр истеҳсол мекунад. Дар натича соле 540 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа шуда, пеши роҳи ба атмосфера партофтани 720 ҳазор тонна партови газҳои зарарнок гирифта мешавад.

    Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати энергетика, ин лоиҳаи бузург дар асоси қарори Президенти кишвар аз 22 декабри соли 2020 амалӣ мегардад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates