Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Ф.Т. ҳангоми
гирифтани 1 500 доллари ИМА аз шаҳрванд О.А. бо далелҳои шайъӣ дастгир шудааст.
Гуфта мешавад, ки ӯ ба ивази ин маблағ ваъда додааст, ки
барои ба вазифаи ҳамшираи тиббӣ дар иттиҳодияи тиббии шаҳр ба кор қабул шудани ӯ
мусоидат мекунад.
Аз рӯйи ин ҳолат бо моддаи 168 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон
(қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Айни
замон тафтишоти пешакӣ идома дорад.