Қабати яхи нимҷазираи Антарктида метавонад то соли 2100 то 20 фоиз кам шавад, ки ин боиси афзоиши назарраси сатҳи уқёнусҳои ҷаҳонӣ мегардад. Дар ин бора “The Daily Mail” бо истинод ба гузориши як гурӯҳи байналмилалии муҳаққиқон маълумот додааст, хабар медиҳад tass.ru.

Дар бадтарин ҳолат, қабати яхи нимҷазира метавонад то соли 2100 аз панҷ як ҳисса кам шавад, ки барои ҳайвоноти қутбӣ, ба монанди пингвин ва наҳангҳо оқибатҳои ҷиддӣ хоҳад дошт ва метавонад ба ҳодисаҳои фоҷиабор оварда расонад, қайд мекунад нашрия.

Бино ба маълумоти муаллифи пешбари таҳқиқот, профессори Донишгоҳи Нюкасл Беван Дэвис “Тағйирот дар Антарктида тавассути баланд шудани сатҳи баҳр, дигаргунӣ дар таъсири мутақобилаи уқёнус-атмосфера ва тағйирот дар гардиши об ба қисми дигари ҷаҳон таъсир мерасонад".

Тавре ҳаммуаллифи гузориш, профессори Хидмати Антарктидаи Бритониё Питер Конвей қайд кард, "тағйирот бо мурури замон барои олимоне, ки чанд маротиба ба Антарктида сафар кардаанд, хеле равшан мешаванд."