Айни замон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Чин дар ҳолати ҷанги тиҷоратӣ қарор дорад. Дар ин бора Президенти Амрико Доналд Трамп зимни посух ба суолҳои хабарнигорон дар бораи равобити тиҷоратӣ ва сиёсати тарифӣ миёни ду кишвар гуфт.
"Мо аллакай дар вазъи ҷанги тиҷоратӣ қарор дорем. Агар мо тарифҳои гумрукӣ намедоштем, дифоъ ҳам намедоштем", таъкид кард роҳбари Амрико дар посух ба суол дар бораи эҳтимоли ҷанги дарозмуддати тиҷорӣ бо Чин, ки агар дар мулоқоташ бо Президенти Чин Си Ҷинпин, ки барои чанд ҳафта ба нақша гирифта шудааст, созише ҳосил нашавад.
Ба гуфтаи Трамп, тарифҳо як воситаи асосии таъмини амнияти миллӣ ва дифои ИМА мебошанд, хабар медиҳад aa.com.tr.
Сарвари Кохи Сафед таъкид кард, ки маъмуриятҳои қаблӣ аз ин абзор пурра истифода накардаанд. Президент илова кард, ки тарифҳо на танҳо ба иқтисоди Амрико триллионҳо доллар меорад, балки ба "муҳофизати сулҳ" мусоидат мекунанд ва дар хотима додан ба низоъҳои низомӣ нақши ҳалкунанда доранд. "Бидуни тарифҳо, дар тамоми ҷаҳон ҷангҳо идома меёбанд" "Ба туфайли онҳо, агар Русияро ба инобат нагирем, акнун дигар ҷанге нест" гуфт Трамп.









