Байни Ӯзбекистон ва Миср оиди истеҳсоли шимҳои ҷинс барои брендҳои ҷаҳонӣ созиш ба даст омад

    Тиҷорат 20 Fevral 2023 1291

    Дар доираи сафари ҳайати ҳукуматии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Мисри Араб раиси Палатаи савдо ва саноат Д.Ваҳобов бо директори генералии ширкати "Lotus Garments Group" Ҳоссам Габр мулоқот намуд.

    Дар рафти мулоқот доир ба ислоҳоти соҳаи нассоҷӣ дар солҳои охир дар кишвари мо маълумот дода шуда, дар муаррифии шабакаи нассоҷии Ӯзбекистон омодагӣ ба ҳамкориҳои дарозмуддат ва мутақобилан судманд бо Миср дар ин самт таъкид гардид.

    Инчунин, дар бораи истеҳсоли ҷинсиҳо барои брендҳои машҳури ҷаҳонӣ, бо ҳамроҳ намудани корхонаҳои бофандагии Ӯзбекистон ба силсилаи истеҳсолии ширкати "Lotus Garments Group" мувофиқа ҳосил шуданд.

    Барои маълумот: ширкати "Lotus Garments Group" соли 1994 таъсис ёфта, бузургтарин истеҳсолкунандаи маҳсулоти тайёри нассоҷӣ (ҷинс) дар Миср мебошад. Онҳо асосан барои брендҳои маъруфи ИМА ва Аврупо (Polo, Levi's, Calvin Klein ва ғайра) дар як моҳ тақрибан 1,8 миллион дона маҳсулот мефиристанд.