Ҳайати намояндагони Ӯзбекистон дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи бузурги Миср иштирок намуд

    Фарҳанг 6 Noyabr 2025 613

    Аз 1 то 3 ноябр ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Нуриддинҷон Исмоилов бо сафари расмӣ дар шаҳри Қоҳира қарор дошт.

    Дар доираи ин сафар ҳайати Ӯзбекистон дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи бузурги Миср ширкат варзид, ки дар он ҳамчунин ҳайатҳои тақрибан 120 давлат ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Дар маросим таъкид гардид, ки ифтитоҳи Осорхонаи бузурги Миср марҳалаи нави ҳифзу нигаҳдории мероси фарҳангӣ ва таърихии кишвар ва муаррифии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

    Ҳамчунин зикр шуд, ки маҳз дар Мисри қадим аввалин хат ба вуҷуд омада, ҷаҳон тулӯи андеша, ҳунар ва эътиқодро дид. Ифтитоҳи Осорхонаи бузурги Миср дар таҳкими ғояҳои сулҳ, иттифоқ ва эҳтироми мутақобила миёни мардумон нақши муҳим хоҳад дошт.

    Дар доираи чорабинӣ мулоқоти ҳайати кишвари мо бо раиси Палатаи намояндагони Парламенти Миср Ҳанафӣ Алӣ ал-Ҷабалӣ баргузор гардид. Раиси парлумони Миср бо гармию самимият аз иштирокаш дар Ассамблеяи 150-уми Иттиҳоди байнипарламентӣ, ки рӯзҳои 5–9 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд баргузор шуда буд, ёдовар шуд ва ҳамчунин аз мулоқоташ бо Президенти Ӯзбекистон изҳори хушнудӣ кард.

    Ҳанафӣ Алӣ ал-Ҷабалӣ ба ислоҳоти бузурге, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, баҳои баланд дода, таъкид кард, ки онҳо барои густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва байналмилалӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоранд.

    Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои парлумонии ду кишвар, мубодилаи таҷриба ва тавсеаи муколамаи байнипарламентиро баррасӣ намуданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates